НАМОЗИ БУЗУРГ (#14614)

*Дар як шабонарӯз як бор хонда мешавад, дар ҳолате ки таваҷҷӯҳи комил ба Худованд дошта бошад.
*Бояд намозгузор бархоста рӯ ба сӯи Худованд оварад ва чун он гуна истод ва ҷой гирифт, ба сӯи рост ва чап нигоҳ кунад, гӯё ки чашм ба роҳи меҳрабонии Парвардигори Бахшандаи Меҳрабон дорад. Сипас бигӯяд:

Эй Худованди номҳо ва Офаринандаи осмонҳо!  Ниёз мекунам Туро, ба Бомдодҳои Ҷавҳари Нопадидори Бисёр Баланд ва Бисёр Дурахшони Ту, то намози маро оташе бигардонӣ, то пардаҳоеро, ки маро аз мушоҳидаи Зебоии Ту бозмедоранд бисӯзонад ва равшание, ки ба дарёи Висоли Ту бирасонад.

*Сипас ду дастро барои ниёиш ба сӯи Худованд, ки ситоиш ва баландӣ Ӯро сазост, бардошта бигӯяд:

Эй Орзуи ҷаҳон ва Дӯстдоштаи мардумон! Мебинӣ маро сӯи Ту рӯй меоварам, аз ҳама чиз, ҷуз Ту гузаштаам ва ба ресмоне, ки аз ҷунбиши он офариниш ба ҷунбиш омад, чанг задам. Эй Парвардигори ман, манам бандаи Ту, ва писари бандаи Ту, ва дар назди хости Ту ва иродаи Ту омода ва барпоам, ва ҷуз хушнудии Ту чизе намехоҳам. Ниёз мекунам Туро ба дарёи меҳрабонии ту ва офтоби бахшиши Ту, ки бо бандаи Худ он гуна рафтор намоӣ, ки дӯст дорӣ ва хушнуд бошӣ. Ба Арҷмандии Поки Ту савганд, ки бартар аст аз ёд ва сипос! Ҳар он чӣ ки аз назди Ту падидор гардад, ӯст орзуи дили ман ва дӯстдоштаи ҷони ман. Худои ман, Худои ман! Ба орзуҳои ман ва рафторҳои ман нигоҳ макун, балки ба хости Худ, ки осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст, нигоҳ кун. Ба номи Бузугтарини Ту савганд, эй Дорандаи мардумон! Танҳо он чиро мехостам, ки Ту мехостӣ ва танҳо он чиро дӯст медорам, ки Ту дӯст медорӣ.

*Сипас пешонӣ бар замин биниҳад ва бигӯяд:

Пок ва болотарӣ Ту, аз ҳар ситоише, ҷуз ситоиши Хештан ва аз ҳар шиносоие, ҷуз шиносоии Хештан.

*Сипас бояд рост биистад ва бигӯяд:

Эй Парвардигори ман, намози маро чашмаи оби зиндагонӣ бигардон, то ба воситаи он ҷавҳари ман чандон пойдор бимонад, ки фармонравоии Ту пойдор хоҳад монд ва дар ҳар ҷаҳоне аз ҷаҳонҳоят Туро ёд намояд.

*Сипас ду дастро барои ниёиш бардорад ва бигӯяд:

Эй Он, ки аз ҷудоии Ту дилҳо ва ҷигарҳо об шуд ва дар оташи меҳри Ту ҳар кӣ дар ҷаҳон аст, барафрӯхта гардид. Ниёз мекунам Туро ба Он Номи Ту, ки ба воситаи Ӯ офаринишро мутеъ ва фармонбар намудаӣ, то маро аз он чӣ дар назди Туст, бознадорӣ. Эй Фармонфармои мардумон! Эй Парвардигори ман, мебинӣ ин дурафтодаро, дар сояи саропардаи Ту ва дар паноҳи меҳрабонии Ту, ба сӯи меҳани болои худ мешитобад ва ин саркашро, ки оҳанги дарёи омурзиши Туро дорад ва ин хор ва зорро, ки даргоҳи арҷмандии Туро хоҳон аст ва ин бенаворо, ки канори осмони дороии Туро меҷӯяд.  Ҳар он чӣ хоҳӣ, фармон – фармони Туст. Гувоҳӣ медиҳам бар ин ки Туӣ Сутуда дар рафтори Худ, ва Фармонраво дар доварии Худ ва Дорои Хости Озод дар фармони Худ.

*Сипас бигзор дастонашро бардорад ва се бор Исми Аъзамро бигӯяд. Пас аз он хам шуда, ду даст дар рӯи ду зону гузорад, дар назди Худованд, ки ситоиш ва баландӣ сазовори Ӯст, бигӯяд:

Эй Худои ман, мебинӣ равони маро дар зарраҳои пайкари ман ва тани ман аз шӯри парастиши Ту ва меҳри саршор ба ёди Ту ва сипоси Ту ба шодӣ ва ҷӯш ва хурӯш омадааст ва гувоҳӣ медиҳад ба он чӣ Забони Фармони Ту дар подшоҳии гуфтори Ту ва осмони дониши Ту гувоҳӣ дод. Эй Парвардигори ман, дар ин ҷо дӯст дорам аз Ту ниёз намоям, ҳама он чиро, ки дар пеши Туст, то бенавоии худро ошкор намоям ва диҳиши Ту ва дороии Туро барафрозам ва нотавонии худро падидор намоям ва нируи Ту ва тавоноии Туро намудор созам.

*Сипас рост биистад ва ду бор дастонашро барои ниёиш бардорад ва бигӯяд:

Нест Худое ҷуз Ту, Бисёр Арҷманд ва Бисёр Бахшанда. Нест Худое ҷуз Ту, Довар дар оғоз ва анҷом. Худои ман, Худои ман, омурзиши Ту маро далер намуд ва меҳрабонии Ту маро ниру бахшид ва овози Ту маро бедор кард ва бахшиши Ту маро бархезонид ва ба сӯи Ту роҳ намуд, вагарна ман кӣ ҳастам, ва чӣ лаёқате доштам, ки дар пеши дарвозаи шаҳри наздикии Ту биистам, ё сӯи равшании дурахшандаи канори осмони хости Ту рӯ оварам? Эй Парвардигори ман, мебинӣ ин бечораро, дарвозаи диҳиши Туро мезанад ва ин нопойдорро, ки рӯди зиндагонии пояндаро аз дастони бахшиши Ту мехоҳад. Дар ҳама рӯзгорон фармон – фармони Туст, эй Худованди номҳо, ва аз ман фармонбарӣ ва хушнудист, эй Офаринандаи осмонҳо!

*Пас аз он се бор дастонашро бардошта бигӯяд:

Худованд аз ҳар як бузурге бузургтар аст!

*Сипас пешонӣ бар замин биниҳад ва бигӯяд:

Ту пок ва бисёр баландӣ, аз ин ки ба осмони наздикии Ту ёдҳои наздикшудагон бирасанд, ё паррандагони дилҳои дӯстони бериё ба остони дарвозаи Ту бирасанд. Гувоҳӣ медиҳам ба ин ки покӣ аз ситоишҳо ва покизаӣ аз номҳо. Нест Худое, ҷуз Ту Бисёр Баланд ва Бисёр Дурахшон.

*Сипас нишинад ва бигӯяд:

Гувоҳӣ медиҳам ба он чӣ ҳама офариниш ва Анҷумани Боло ва Биҳишти Боло ва аз паси он Забони Бузургӣ аз Канори Осмони Абҳо гувоҳӣ дод, ки Туӣ Худованд, нест Худое, ҷуз Ту ва он касе, ки падидор шуд, Ӯст Рози Ниҳон ва Рамзи Пинҳон, ки ба воситаи Ӯ ҳарфи “Коф” ба рукни “Нун”- и худ пайваст. Гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки ин ҳамон Номест, ки аз Хомаи Боло фуруд омадааст ва дар Китобҳои Худованд – Парвардигори Тахти Подшоҳии осмонҳои баланд ва замини зери онон, ёд гардидааст.

*Сипас рост биистад ва бигӯяд:

Эй Худованди офариниш ва Дорандаи ҷаҳони нопадид ва падидор! Сиришки маро ва оҳи сарди маро мебинӣ ва нолаи маро ва фарёди маро ва оҳи дили маро мешунавӣ? Савганд ба Арҷмандии Ту! Корҳои зишти ман маро нагузоштанд, ки ба Ту наздик шавам ва гуноҳони ман маро аз даргоҳи поки Ту дур намуданд. Эй Парвардигори ман, меҳри Ту маро об кард, ва ҷудоии Ту маро нест ва нобуд кард, ва дурии Ту маро бисӯхт. Ниёз мекунам Туро, ба нақши ҳар ду пои Ту дар ин биёбон ва ба фарёди “Фармонбардорам!” “Фармонбардорам!”-и баргузидагони Ту дар ин бекаронӣ, ва ба вазишҳои хуши пайки гуфтори Ту, ва бодҳои хуши бомдоди Падидории Ту, то ин ки дар сарнавишти ман бинависӣ, то ба мушоҳидаи зебоият сарафроз гардам, ва аз рӯи он чӣ дар Китоби Туст, рафтор намоям.

*Сипас се бор Исми Аъзамро бигӯяд ва хам шавад, ва ду даст дар рӯи ду зону гузорад ва бигӯяд:

Ситоиш Туро сазост, эй Худои ман, зеро маро ҳангоми ёдат ва сипосат дастгирӣ намудӣ, ва ба шиносоии Бомдоди нишонаҳоят сарафроз кардӣ, ва водор намудӣ, ки ба Фармонравоии Ту фармонбар шавам, ва ба Худовандии Ту сар фуруд оварам, ва ба ростии он чӣ Забони Бузургии Ту падидор намуд, гувоҳӣ диҳам.

*Сипас рост биистад ва бигӯяд:

Худои ман, Худои ман. Саркашии ман пушти маро шикаст ва ноогоҳии ман маро нест кард, ҳар гоҳ ки дар бадкирдории худ ва неккирдории Ту меандешам, ҷигарам об мешавад ва хун дар рагҳоям ба ҷӯш ва хурӯш меояд. Ба зебоии Ту савганд, эй Орзуи ҷаҳон, ин рӯй шарм медорад, ки ба сӯи Ту нигоҳ кунад, ва дастони умед шармсор гаштаанд, ки ба осмони бахшиши Ту баланд гарданд. Мебинӣ, эй Худои ман, сиришкам маро аз ёд ва сипос бозмедорад, эй Парвардигори Тахти Боло ва замин. Ниёз мекунам Туро, ба нишонаҳои Подшоҳии Ту ва розҳои Фармонравоии Ту, то ба дӯстонатон чунон, ки сазовори бахшиши Туст ва шоистаи диҳиши Ту, рафтор намоӣ, эй Подшаҳи ҷаҳони нопадид ва падидор.

*Сипас се бор Исми Аъзамро бигӯяд ва пешонӣ бар замин ниҳад ва бигӯяд:

Ситоиш Туро сазост, эй Худои мо, зеро барои мо он чиро фуруд овардӣ, ки моро ба Ту наздик менамояд, ва низ аз ҳар як накӯие, ки дар Китобҳоят ва навиштаҳоят фуруд овардаӣ, моро рӯзӣ медиҳӣ. Эй Парвардигор, ниёз мекунем Туро, то моро аз сипоҳи гумон ва андешандаи фиребанда нигаҳ дорӣ. Ба ростӣ, Туӣ Бисёр Арҷманд ва бисёр Доно.

*Сипас сар аз саҷда бардорад, нишинад ва бигӯяд:

Гувоҳӣ медиҳам, эй Худои ман, ба он чӣ баргузидагони Ту гувоҳӣ додаанд, ва мепазирам он чиро, ки аҳли фирдавси боло, ва биҳишти боло, ва ононе, ки дар гирди Тахти Бузурги Ту мечархиданд, пазируфтаанд. Подшоҳии замин ва осмон аз они Туст, эй Худованди ҷаҳонҳо!

-Bahá'u'lláh
-----------------------

